• info@noshunavoyn.tj
  • +992(37)2338127
  • шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев, 44-А
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ МАХСУС БАРОИ НОШУНАВОЁНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Санаи 18.03.2021 дар муассиса чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ба муносибати таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар асоси дастури сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо иштироки хонандагону кормандон ва падару модарон баргузор карда шуд. Ҷамъомад бо сухани табрикотии сарвари муассиса Назифов И.Н. оғоз ёфт. Сипас, барномаи омоданамудаи муҳассилин, ки иборат аз рақсу суруд, шеъру тарона ва саҳначаву бозиҳои шавқовар буд, пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд. Дар интиҳои чорабинӣ мусобиқа аз намуди гӯштини миллӣ гузаронида шуд ва ба ғолибон ифтихорномаву туҳфаҳои молии маъмурияти муассиса тақдим гардид.

Categories: Uncategorized