• info@noshunavoyn.tj
  • +992(37)2338127
  • шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев, 44-А
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ МАХСУС БАРОИ НОШУНАВОЁНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Маълумотнома дар бораи муассиса

Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии махсус барои ношунавоёни шаҳри Душанбе соли 1975 ҳамчун Мактаби шабонаи №8 таъсис ёфтааст. Баъдан муассиса ба Мактаби ғоибонаи махсуси коргарҷавонони №8 тағйири ном мекунад. То соли 2014 ҳамчун Мактаби махсус ва ғоибонаи №8 фаъолият карда, бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз 10.07.2014, №304 ба Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии махсус барои ношунавоёни шаҳри Душанбе иваз карда шудааст.

Самти фаъолияти муассиса ба ҷалб намудани кӯдакони имконияти маҳдуди шунавоидошта ба таълиму тарбия равона гардидааст. Раванди фаъолияти таълимгоҳро Оиннома ба танзим медарорад, ки бо фармоиши сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз 31.01.2019, №15/5-1 ба тасвиб расидааст. Дар айни замон 190 нафар муҳассилин дар муассиса ба омӯзиш фаро гирифта шудааст. Шумораи духтарон 87 нафар (46%) буда, боқимондаро писарон ташкил медиҳанд. Дар таълимгоҳ 2 нафар ятими кул, 8 нафар нимятим ва наздики 50 нафар аз оилаҳои камбизоат таҳсил менамоянд.

Аксарияти кормандони омӯзгорӣ дорои маълумоти олии сурдопедагогика мебошанд, ки ин барои таълиму тарбияи дурусти толибилмон мусоидат менамояд. Айни ҳол шумораи умумии кормандон 66 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 43 нафар (65%) омӯзгорон ва 23 нафар (35%) кормандони техникӣ ба шумор мераванд. Ҷалби мутахассисони ҷавон тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти соҳа ба роҳ монда шудааст. Ҳамин аст, ки 53%-и омӯзгоронро кадрҳои ҷавон дар бар мегиранд. Муассиса ҳамчун сохтори зертобеи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар назди он ҳисоботдиҳанда мебошад. Ҳамасола бахшида ба иду ҷашнҳои гуногун дар муассиса чорабиниву ҷамъомадҳои маърифатию омӯзишӣ, озмуну мусобиқаҳо ва суҳбату вохӯриҳо баргузор карда мешаванд. Аз соли 2017 инҷониб сарварии муассисаро мутахассиси ҷавон Назифов И. Н. бар ӯҳда дорад, ки тавонистааст дар самти дуруст ба роҳ мондани фаъолияти муассиса ва ҷобаҷогузории кадрҳо, ободонию созандагӣ ва пешравиҳо корҳои назаррасро ба иҷро расонад.